Ссылки доступа

Наздикони Абдурасул: "Қурбони бадрафтории милиса шуд, адолат мехоҳем"


Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт.

Як манбаъ аз Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми апрел гуфт, қазия таҳти назароти бевоситаи додситони шаҳр тафтиш мешавад, вале ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, чун ҳоло ташхис ба марҳилаи ниҳоӣ нарасидааст.

Абдурасул Назаров ҳудуди як ҳафта пеш, баъди даъваташ ба яке аз идораҳои милисаи пойтахт, дар шароти мармуз даргузашт ва ҳоло наздиконаш аз созмони ҷамъиятии "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ" дар дастрасӣ ба ҳимояи ҳуқуқӣ кумак хостанд. Наздикони Абдурасул Назарови 39-сола, ки дар як нуқтаи дӯхти ҷилди мошин дар Душанбе кор мекард, бовар доранд, ки фарзанди онҳо қурбони бадрафтории милиса шуд.

Ҷасади ӯ 28-уми март ва як рӯз баъди даъват ба идораи милисаи Сино-2, ба хешовандон дода шуд. Дар шарҳи расмии ходимони милиса гуфта шуд, ки гӯё ӯ барои нигаҳдошти як миқдор маводи мухаддир боздошт шуд ва бинобар норасоии нашъа ё ба истилоҳ “ломка” ҷони худро аз даст дод. Ин иттиҳомро хешовандон комилан қабул надоранд ва мегӯянд, ки ӯ як одами озодаву пок аз маводи мухаддир буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то замони мушаххас шудани ташхиси судиву тиббии сабабҳои марги Назаров, аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ мекунад. Сухангӯи ВКД Умарҷони Эмомалӣ рӯзи 2-юми апрел гуфт, аз навиштаҳо дар бораи Абдурасул Назаров огоҳ аст ва вазорат дар мавриди марги Назаров то замони рӯшан шудани натиҷаи ташхиси судӣ- тиббӣ, аз додани шарҳе худдорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG