Ссылки доступа

Рӯзноманигорони Forbes Kazakhstan ва Ratel.kz озод шуданд (видео)


Дар Қазоқистон рӯзноманигорони маҷаллаи Forbes Kazakhstan ва сомонаи Ratel.kz, ки 2 апрел дар пайи бозҷӯии идораи расонаҳо дар шаҳри Алмато боздошт шуда буданд, озод гаштанд.

Рӯзноманигори Ratel.kz Вадим Борейко дар Facebook хабар дод, ки сармуҳаррири сомона Марат Асипов, муовини сармуҳаррир Сап Мекебоев ва шореҳ Анна Калашникова баъд аз бозпурсӣ дар шуъбаи пулис озод шуданд. Каме пештар муовини сармуҳаррири Forbes Kazakhstan Александр Воротилов ҳам раҳо шуда буд.

Пулиси Алмато гуфт, идораҳои нашрияҳоро дар асоси шикояти "шаҳрванд К." бозҷӯӣ кард, ки гуфтааст маҷаллаи Forbes Kazakhstan ва сомонаи Ratel.kz хабарҳои бардуруғ паҳн мекунанд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, "шаҳрванд К." вазири пешини даромадҳои давлатии Қазоқистон Зайнулло Какимжанов аст, ки ҳоло бо тиҷорат машғул аст.

Какимжанов соли гузашта дар як баҳси додгоҳӣ бо талаби ҷуброн дар ҳаҷми 50 миллион танга ба расонаҳои мазкур пирӯз шуда буд. Рӯзноманигорон, ки дар бораи эҳтимоли даст доштани Какимжанов дар як нақшаи коррупсионӣ навишта буданд, гуфтанд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд.

Какимжанов дар Фейсбук навишт, матлабҳои нашршуда дар бораи вай "фармоишӣ" ҳастанд ва рӯзноманигорон ӯву хонаводаашро ба ҷинояте айбдор кардаанд, ки онҳо анҷом надодаанд.

XS
SM
MD
LG