Ссылки доступа

Низоми нақлиёти ҷамъиятии Бишкек бозбинӣ мешавад (видео)


Сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар ҷаласаи ҳукумат роҷеъ ба корпартоии ронандагон дар шаҳри Бишкек гуфт, низоми таъмини нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвараш бояд бозбинӣ ва автобусҳо мавриди истифода қарор дода шаванд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии девони вазирони Қирғизистон, Исҳоқов афзуда, ки бояд аз таҷрибаи пардохтҳои ғайрирасмӣ даст кашиду дастрасӣ ба санадҳои бимаро таъмин ва тамоми талаботи марбут ба амнияти мусофиронро иҷро кард.

Сарвазири Қирғизистон таъкид кард, ки барои ширкатҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз нигоҳи бима ҳеч гуна сабукие дода нахоҳад шуд.

Дар шаҳри Бишкек 2 апрел бештари ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ бо нишони эътироз ба бимаи ҳатмии мусофирон ба кор набаромаданд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки нархи роҳкиро боло ва ҷаримаи нақзи қоидаҳои ҳаракат поин бурда шавад. Шаҳрдории пойтахти Қирғзистон дар посух гуфт, ки ба ронандагон ягон гузашт нахоҳад кард.

Аз 1 апрел дар Қирғизистон қароре ба иҷро даромад, ки ронандагони нақлиёти мусофирбарро вазифадор мекунад, то мусофирони худро бима кунанд. Бимаи солонаи як ҷои нишаст беш аз 136 сом аст.

XS
SM
MD
LG