Ссылки доступа

Пулиси Ишқобод фурӯшандаҳои орди қазоқиро бозпурсӣ мекунад


Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар марказҳои савдо ва бозорҳо рейд гузаронида, фурӯшандаҳои орди истеҳсоли Қазоқистонро бозпурсӣ мекунанд.

Шореҳ аз Ишқобод Амонмурод Бугаев 2 апрел гуфт, воридот ва фурӯши орди истеҳсоли Қазоқистону Русия қаблан мушоҳида мешуд. Вале дар натиҷаи кам шудани ҳосили имсолаи гандум ва болоравии қурби доллар дар "бозори сиёҳ" нархи орд қиммат шуд.

Ба гуфтаи шореҳ, 2 апрел як доллари амрикоиро дар "бозори сиёҳ" 13,8 манат харидорӣ ва 14,10 манат фурӯхтанд. Дар ҳоли ҳозир, қурби ғайрирасмии доллар назар ба қурби расмие, ки Бонки миллии Туркманистон муайян мекунад, чаҳор баробар бештар аст.

Аз охирҳои соли 2017 ба далели мушкилиҳои иқтисодӣ ҳаҷми воридоти ордҳои русӣ ба Туркманистон коҳиш ёфт. Ибтидои соли 2018 орди қазоқӣ ба яке аз молҳои серхаридор ва сердаромад дар бозорҳои Ишқобод табдил ёфт. Вале сифати он шубҳаи мақомотро ба бор овардааст, ки мегӯянд, эҳтимол дорад, тоҷирон зери тамғаи орди қазоқӣ орди маҳаллиро фурӯшанд. Бинобар ин, пулис фурӯшандаҳоро бозпурсӣ ва санад талаб мекунад.

XS
SM
MD
LG