Ссылки доступа

Кохи сафед: эҳтимол аст, раҳбарони Русияву ИМА бо ҳам вохӯранд


Президенти ИМА Доналд Трамп 20 март дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин имкони баргузории мулоқоти дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Дар ин бора сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони ИМА ва Русия як қатор маконҳои эҳтимолии мулоқот, аз ҷумла Кохи сафедро баррасӣ кардаанд. Сандерс санаи дақиқи мулоқоти эҳтимолии президентҳоро нагуфт, вале изҳор дошт, ки эҳтимол дорад, он дар "ояндаи наздик" баргузор шавад.

Пештар ёвари президенти Русия Юрий Ушаков гуфта буд, ки Трамп ба Путин пешниҳод кардааст, то бо ҳам мулоқот кунанд. Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯҳо дар бораи мулоқоти раҳбарони ду кишвар ба далели "парвандаи Скрипал" ва ихроҷи дипломатҳо мушкил шудааст.

Суҳбати телефонии Трампу Путин бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифтааст. Он замон Трамп Путинро бо пирӯзияш дар интихобот табрик гуфтааст. Ба иттилои The Washington Post, Кохи сафед инро ба Трамп тавсия надодааст ва танҳо машварат дода, ки суҳбатро аз қазияи Скрипал оғоз кунад. Трамп он замон дар Твиттер навишт, ки бо Русия муносибати нек доштан "хуб аст, на бад".

Вашингтон 26 март дар робита ба заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал дар Бритониё 60 дипломати Русияро ихроҷ ва консулгарии ин кишварро дар Сиэтл баст. Русия низ дар посух 60 дипломати амрикоиро ихроҷ карда, ба дари консулгарии ИМА дар Санкт-Петербург муҳр зад.

XS
SM
MD
LG