Ссылки доступа

Бо дастури Мирзиёев деҳаи қирғизнишин дар 45 рӯз аз нав бунёд шуд (видео)


Дар Ӯзбекистон бо дастури президент Шавкат Мирзиёев деҳаи Манаси ноҳияи Дустлики ин кишварро дар 45 рӯз куллан аз нав бунёд карданд. Хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон видеои вазъи деҳаро пеш ва баъд аз бозсозӣ нашр кардааст.

Ҳанӯз дар моҳи феврал биноҳои ин деҳа харобу кӯчаҳояш пур аз партов буданд.

"Бисёр аламовар аст, ки мардуми мо дар ин гуна шароит зиндагӣ доранд. Бо намуна овардани деҳаи Манас нишон доданиам, ки мо бояд чи кор кунем. Бисёр мушкил хоҳад буд. Вале агар корро аз мушкилтарин деҳа оғоз накунем, мардум моро бовар нахоҳанд кард. Ҳеч гоҳ бовар намекунанд", - гуфта буд Мирзиёев ҳудуди ду моҳ пеш.

Баъд аз ин суханони Мирзиёев хонаҳои деҳаро бо трактор тахриб карда, ба ҷояшон биноҳои нави дуошёна сохтанд. Ҳамчунин деҳа соҳиби боғча, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишии замонавӣ шуд.

Шавкат Мирзиёев 30 март аз деҳаи нав боздид кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон, деҳаи Манас солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шуда, дар ҳоли ҳозир, беш аз 6,5 ҳазор аҳолӣ дорад. Ба иттилои расонаҳо, дар он асосан қирғизтаборон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG