Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон генерали пешин Ҳаёт Шарифхоҷаевро боздошт карданд


Дар Ӯзбекистон 30 март генерали пешини Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар (Хадамоти амнияти миллии пешин) Ҳаёт Шарифхоҷаевро боздошт карданд. Шарифхоҷаев охирҳои соли 2015 аз мақоми худ барканор шуда буд.

Як манбаи огаҳ аз қазия гуфт, Ҳаёт Шарифхоҷаеви 51-соларо маъмурони Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон дастгир кардаанд.

Яке аз муфаттишони Додситонии кулли Ӯзбекистон низ ин хабарро тасдиқ кард. Манбаи мо 2 апрел гуфт, генерали пешини ӯзбек дар ҳоли ҳозир, дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад. Вале дар хадамоти матбуотии додситонӣ гуфтанд, аз боздошти Шарифхоҷаев хабар надоранд.

Муфаттиши додситонӣ афзуд, ки Ҳаёт Шарифхоҷаев дар доираи парвандаи додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров ва муовини пешини додситони шаҳри Тошканд Мираглам Мирзоев дастгир шудааст. Зидди ӯ сардори пешини Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ноҳияи Чилонзор Зиёдулло Иногамов баёнот додааст.

Шарифхоҷаев бори дувум аст, ки дастгир мешавад. Баҳори соли 2015 зидди ӯ бо ҷурми фасодкорӣ ва азхудкунии пулҳои буҷаи давлат парванда боз шуда буд. Манобеъ он замон хабар доданд, ки генералро боздошт карданд. Вале ӯ чи гуна озод шудааст, маълум нест.

XS
SM
MD
LG