Ссылки доступа

Яхмос дар Қазоқистон наздики 100 нафарро бистарӣ кард


Сухангӯи Идораи тандурустии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Мира Сулеева мегӯяд, шумори сокиноне, ки дар шаҳри Чимкент аз яхмос заҳролуд гаштаанд, ба сад нафар наздик шуд.

"Шаҳрвандоне, ки дар пайи заҳролудшавӣ аз яхмос ба беморхона муроҷиат кардаанд, ҳудуди 100 нафаранд. Ҳамаи онҳо бистарӣ ва аз ташхис гузаронида шуданд", - афзуд Сулеева.

Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ташхис то ҳол муайян нашудааст ва шумори дақиқи заҳролудшудаҳо низ баъд аз анҷоми ташхис маълум мешавад.

Ҳокими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Жансеит Туймебоев 2 апрел бо осебдидагон мулоқот кард. Ӯ кори маркази санитарӣ ва эпидемиологии вилоятро танқид карда, аз марказҳои ғизои ом даъват кард, ки меъёрҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

Расонаҳо 29 март хабар доданд, ки дар шаҳри Чимкент даҳҳо сокин аз яхмос заҳролуд шуданд. То 30 март беш аз 40 кас бистарӣ гаштанд. Ҳамаи онҳо аз як фурӯшгоҳ яхмос харидаанд.

XS
SM
MD
LG