Ссылки доступа

ВКХ: "Тоҷикистон дар баҳси ҳавоӣ таҳдиду таҳримҳоро қабул надорад"


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба баҳси ҳавоӣ миёни Душанбе ва Москва гуфт, ки истифодаи фишор ва таҳдидҳо аз сӯи мақомоти Русия ғайримуассир аст ва ин амал метавонад ба ширкатҳои ҳавоии ду ҷониб зарари ҷиддии молӣ ворид кунад.

Ин ниҳод 3 апрел бо пахши як изҳорот гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон хостори ҳалли ҳама масъалаҳои баҳсбарангез танҳо тавассути музокироти мақомоти ҳавоии ду кишвар бар пояи ҳамкориҳои шарикӣ ва бидуни таҳдиди истифодаи таҳрими ҷонибҳо аст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ихтилофи назарҳои ду кишвар бар пояи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия аз 12-уми сентябри соли 1997 дар арсаи ҳавонавардӣ ҳаллу фасл мешавад ва ин созишнома шароити муқаррар кардани парвозҳои нав миёни ду кишварро мушаххас мекунад. Масъулони ВКХ Тоҷикистон гуфтаанд, ки Душанбе ҷонибдори риояи ин қарордод аст ва барои густариши ҳамкориҳо бо мақомоти ҳавоии Русия талош мекунад.

"Ҷиҳати тақвият ва густариши ҳамкориҳо ҳукумати Тоҷикистон дар танзими ҳавонавардии мулкӣ Оҷонсии авиатсияи гражданӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистонро таъсис дод. Ба манзури анҷоми корҳои сохтории ин оҷонсӣ, ҷониби Тоҷикистон баррасии масъалаи тасдиқи парвозҳои нав миёни ду кишварро ба таъхир гузошта буд",- омадааст дар изҳорот. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти худ айни замон ишора кардааст, ки ҳоло 60 дарсади бозори интиқоли ҳавоии мусофирон ба ширкатҳои русӣ тааллуқ дорад.

Изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки қарор аст имрӯз, 3 апрел ҳайати Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофҳои ҳавоӣ озими пойтахти Русия шавад. Азиз Набизода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, ки ба ин ҳайат намояндагони ширкатҳои ҳавонавардӣ ва вазоратҳои нақлиёт, умури хориҷӣ ва адлия шомиланд.

XS
SM
MD
LG