Ссылки доступа

Мушкилоти иҷоранишӣ дар Душанбе (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 2-уми апрели соли 2018 (видео)

- Мушкилоти иҷоранишӣ дар Душанбе. Аз якуним миллион сокини шаҳри Душанбе танҳо беш аз 800 ҳазор нафарашон дар қайди расмӣ қарор доранд ва боқимондаҳо, ки қариб ҳамин қадар ҳастанд, муҳоҷирони дохилӣ ё сокинони дигар манотиқи кишвар ҳастанд, ки барои рӯзии беҳтар ба ин ҷо меоянд. (видео)

- Нуъмони чуғрофидон аз Урметан. Нуъмони сесола давоми се моҳ номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро азхуд кардааст. Дар деҳаи Урметан, калонтарин рустои водии Зарафшон бештарин афроде, ки ба Нуъмон рӯбарӯ мешаванд, мехоҳанд ӯро имтиҳон кунанд (видео)

- "Химчакорӣ" ба хотири ҳифзи ҷавониву зебоии занон дар Чехия. Рӯзи душанбе дар чорчӯби ҷашни Иди Пок сокинони Чехия анъанаи қадимии "химчакорӣ"-и занонро ба ҷо оварданд, ки тибқи ривоят ҷавониву зебоии занонро ҳифз мекунад (видео)

- Автобусу троллейбусҳои Душанбе ба корти электронӣ гузаштанд. Шуруъ аз 1-уми апрел кулли нақлиёти калонҳаҷми мусофирбари пойтахт ба низоми пардохти кортӣ гузаштанд (видео)

- Ҳайати Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофи ҳавоӣ ба Маскав меравад.Марҳилаи нави ҷангҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия ҳазорон мусофирони ду кишварро саргардон кард (видео)

- "Мардуми дилхунук, ба милиса бовар намекунанд". Сокинони шаҳри Душанбе назари худро дар бораи кори муҳофизини ҳуқуқ гуфтанд (видео)

- Осиё: боздошти рӯзноманигорони Forbes ва Ratel.kz. Боздошту бозҷӯиҳо дар идораҳои Forbes ва Ratel дар Алмато. Ҳазорҳо одам ба далели баҳсҳои мақомоти русу тоҷик наметавонанд парвоз кунанд. Анҷумани ҳизби ҳокими Қирғизистон аз баҳси президенти кунунии ин кишвар бо президенти пешин парда бардошт. (видео)

- Чаро миллиардер Зиёвуддин Магомедовро боздошт карданд? Сабаби асосӣ дуздии пулҳое гуфта мешавад, ки барои сохтмони майдоне дар Калининград ҷудо шудаанд. Тобистони имсол дар он қарор аст, чемпионати футбол баргузор шавад. (видеои Настоящее время)

- Пулис онҳоеро тафтиш дорад, ки пуфаки кабуд сар доданд. Чанд нафар дар Остона ба осмон пуфаки кабуд сар доданд. Онҳо мегӯянд, бо ин иқдом Рӯзи ҷаҳонии паҳни иттилоъро ҷашн гирифтанд. Дар рафти чорабинӣ номи ҳаракати мамнуи "Интихоботи демократии Қазоқистон"- и сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязов зикр шудааст. (видео)

- Тафтиши коргоҳи Forbes Kazakhstan. Пулис коргоҳи маҷаллаи Forbes.kz-ро дар Алмато тафтиш кард (видео)

- Скрипал ва Сурия: Русия ба ҷаласаи Созмони манъи силоҳи ҳастаӣ омода мешавад (видео аз Директ)

- Чи гуна қирғизистониҳо дар Чикаго Наврӯзро ҷашн гирифтанд (нигористон)

- "Аслан ӯ молик нест". Ҳамсари Надежда Судденок, ки дар доираи парвандаи "Зимняя вишня" боздошт шудааст. (видеои Настоящее время)

- «Умедро аз даст намедиҳам…». Рискул Бозорбоева маъюби дараҷаи аввал аст ва писарашро танҳо ба воя мерасонад. Ӯ баъд аз хатми мактаб ба Русия рафта, дар онҷо захмӣ ва маъюб шуд. Ҳоло ба ватан баргашта, дар манзиле зиндагӣ дорад, ки бонк онро ба гарав гирифтааст. Ин ҷавонзан намедонад, ки баъд аз мусодира шудани хонааш дар куҷо зиндагӣ хоҳад кард. (видео аз Директ)

- Трамп ба Amazon "ҳамла" кард. Президенти ИМА Доналд Трамп бори дигар ба соҳибони тиҷорати бузург "ҳамла" кард. Ин бор ба ширкати Amazon. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG