Ссылки доступа

Чин даъват кард, мулоқоти роҳбарони Куриёи Шимоливу ИМА "бо эҳтиёт" омода шавад


Чин умедвор аст, ки мулоқоти таҳияшудаи роҳбарони Куриёи Шимоливу ИМА дар моҳи май "метавонад ба роҳатӣ пеш равад" ва ҳамаи ҷонибҳо "аз омилҳои барҳамзананда"-и мулоқот худдорӣ хоҳанд варзид.

Дар ин бора рӯзи сешанбе вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳори назар кард. Вай афзуд, дар нимҷазираи Куриё тағйироти мусбат рух дод ва ҳамаи ҷонибҳо ба онҳо бовар доранд.

"Чин умедвор аст, ки ҳамаи ҷонибҳо набзи гуфтугӯ ва муколамаро пуштибонӣ мекунанд ва ба барқарории гуфтугӯ талош меварзанд", - гуфт Ван И.

"Аммо таҷрибаи таърихӣ далолат мекунад, ки дар лаҳзаҳои сабук шудани танишҳо дар нимҷазира ва замони нахустин нурҳои сулҳу гуфтугӯ омилҳои барҳамзананда пайдо мешаванд", - афзуд Ван. "Аз ҳамин хотир мо аз ҳамаи ҷонибҳо даъват мекунем, ки дахолати дигаронро бартараф кунанд ва ба таври қатъӣ роҳи дурусти гуфтугӯро паймоянд", - гуфт вазири Чин.

Пештар аз ин роҳбари Куриёи Шимолӣ изҳор дошт, ки омодааст, бо раисҷумҳури ИМА мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG