Ссылки доступа

Интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд


Пас аз 9 соли таваққуф интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд. Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар фасли тобистон ба Ӯзбекистон то 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқро бо арзиши 2-сентӣ (ҳар киловат) хоҳад фурӯхт.

Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси “Барқи тоҷик” 3 апрел гуфт, интиқоли нерӯи барқ ба Ӯзбекистон ҳамин рӯз оғоз мешавад. “Рӯзи гузашта ҷониби Тоҷикистон нерӯи барқро танҳо то зеристгоҳи “Гулча” дар вилояти Сурхандарё анҷом дода буд. Ҷониби Ӯзбекистон имрӯз корҳои боқимондаро дар хати интиқолӣ анҷом дода, содироти барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон пурра сурат мегирад”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон имкон пайдо кард тавассути хатҳои интиқоли нерӯи барқи Ӯзбекистон барқи худро ба Қазоқистон низ содир кунад.

Пештар ширкати "Ӯзбекэнерго" хабар дода буд, ки барои харидории то 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар соли 2018 бо Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон созишномаеро имзо кардааст.

Табодули нерӯи барқ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон моҳи ноябри соли 2009 дар пайи сардии робитаҳои Тошканд ва Душанбе қатъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG