Ссылки доступа

Марзбонони қирғиз дар хомӯшсозии сӯхтори хонаи як ӯзбекистонӣ кумак кардаанд


Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, сарбозони ин ниҳод дар хомӯш кардани сӯхтори манзили зисти як сокини Ӯзбекистон дар минтақаи ҳаммарз бо ноҳияи Ала-Букини вилояти Ҷалолобод кумак кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии хадамот, дар манзили зисти сокини Ӯзбекистон, дар наздикии марзи ин кишвар бо Қирғизистон балони газ таркида, сӯхтор ба амал омадааст.

"Сарбозони постгоҳи марзии "Кок-Серек" бо дидани оташ зуд ба обкашонӣ пардохтаанд ва бо кумаки онҳо сӯхтор пурра хомӯш карда шуд", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

"Дидем, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон хонае оташ мегирад ва тасмим гирифтем кумак кунем. Вале ба далели он ки хона дар он тарафи сарҳад буд, мо обро аз дарё то хати марз мебурдем", - иқтибос оварда шудааст аз суханони сардори постгоҳи марзии "Кок-Серек" Адолат Исроилуулу.

XS
SM
MD
LG