Ссылки доступа

Валиаҳди Саудӣ: "Исроилиҳо ҳаққи зиндагии осоиштаро дар сарзаминашон доранд"


Шоҳзода ва валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон гуфт, сокинони Исроил ҳақ доранд, ки дар сарзамини худ осоишта зиндагӣ кунанд. Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли нашрияи амрикоии The Atlantic баён дошт.

Ба гуфтаи вай, фаластиниҳо низ ҳаққи мазкурро доранд ва бинобар ин, имзои созишномаи сулҳ миёни ҷонибҳои даргири Ховари Миёна зарур аст.

Арабистони Саудӣ расман Исроилро эътироф намекунад ва бо он муносибат низ надорад. Вале вақтҳои ахир дар сиёсатҳои Риёз дар робита ба ҳамкорӣ бо Тел-Авив гардишҳое дида мешавад. Нозирони умур мегӯянд, тақвияти мавқеи Эрон дар минтақа Исроилу Арабистони Саудиро ба ҳам овардааст.

Муҳаммад ибни Салмон дар суҳбат бо The Atlantic афзуд, "агар Исроил тавонад бо фаластиниҳо сулҳ кунад, пас Тел-Авив ва кишварҳои Халиҷи Форс манфиатҳои ҳамсони зиёде хоҳанд дошт".

Ба иттилои хабаргузории Reuters, Арабистони Саудӣ аз талошҳои Кохи сафед, ки дар ҳоли ҳозир, равиши нави ҳалли низоъ дар Ховари Миёнаро коркард дорад, ҷонибдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG