Ссылки доступа

Муҳоҷир: Хатар ин аст, ки аз ҷои кор меронанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 3-уми апрели соли 2018. (видео)

- Муҳоҷир: Хатар ин аст, ки аз ҷои кор меронанд. Бастани хатсайрҳо муҳоҷиронро саргардон кардааст. (видео)

- Муовини раиси "Барқи тоҷик": Ҳар киловат барқро ба Узбекистон 2-сентӣ мефурӯшем. Пас аз 9 соли таваққуф интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбекистон шуруъ шуд. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки тибқи қарордод Тоҷикистон дар фасли тобистон ба кишвари ҳамсоя то 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқро бо арзиши 2-сентӣ (ҳар киловат) мефурӯшад. (видео)

- Зарбаи сахти муҳоҷирати корӣ ба равони занон. Мардҳо аз муҳоҷирати меҳнатии Русия бо тасаввурҳои фарқкунанда бармегарданд. Ин таҳаввулҳоро пеш аз ҳама занон, аз муносибати ғайримаъмулии онҳо эҳсос кардаанд. (видео)

- Нуъмони чуғрофидон аз Урметан. Нуъмони сесола давоми се моҳ номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро азхуд кардааст. Дар деҳаи Урметан, калонтарин рустои водии Зарафшон бештарин афроде, ки ба Нуъмон рӯбарӯ мешаванд, мехоҳанд ӯро имтиҳон кунанд (видео)

- Автобусу троллейбусҳои Душанбе ба корти электронӣ гузаштанд. Шуруъ аз 1-уми апрел кулли нақлиёти калонҳаҷми мусофирбари пойтахт ба низоми пардохти кортӣ гузаштанд (видео)

- ИМА ба Украина мушаки зиддитанкии Ҷавелин медиҳад. ИМА ба Украина мушаки зиддитанкии Ҷавелин медиҳад. Сенатори ҷумҳурихоҳ Боб Портман бовар дорад, ки ин силоҳи муосир ба Украина имкон медиҳад, ки соиҳибихтиёриву тамомияти арзии худро ҳифз кунад. (видео)

- Эътирози миллатгароҳои украин бар зидди фасод ва қудрати олигархҳо. 3-уми апрел дар Киев миллатгароҳои украин бар зидди фасод ва қудрати олигархҳо раҳпаймоӣ карданд. (видео)

- Осиё: мусофирбарҳои Бишкек ба роҳ набаромаданд Дар Бишкек рӯзи душанбе беш аз 2500 нақлиёти мусофирбар ба нишони эътироз ба роҳ набаромаданд. Бештари сокинон ба кор дер расиданд, вале мақомот ба шарти мусофирбарҳо розӣ намешаванд. Кормандони пулис на танҳо идораи нашрияҳои Forbes ва Ratel-ро бозҷӯӣ, балки компютери кӯдакони рӯзноманигори расонаи мухолифро ҳам бо худ бурданд. (видео)

- Чаро дар кишварҳои Балтик аз ҳуҷуми Русия ҳарос доранд: тамоми далелҳо. (видеои Настоящее время)

- Пулис онҳоеро тафтиш дорад, ки пуфаки кабуд сар доданд. Чанд нафар дар Остона ба осмон пуфаки кабуд сар доданд. Онҳо мегӯянд, бо ин иқдом Рӯзи ҷаҳонии паҳни иттилоъро ҷашн гирифтанд. Дар рафти чорабинӣ номи ҳаракати мамнуи "Интихоботи демократии Қазоқистон"- и сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязов зикр шудааст. (видео)​

- Рӯзи душанбе дар Бишкек 2500 мусофирбар ба кор набаромаданд. Бубинед, натиҷааш чи шуд. (видеои Настоящее время)

- Чаҳорумин чаҳоряки хониш ва баҳсҳо атрофи сатр. Баҳси сатр дар мактабҳои Оқтеппаи Қазоқистон роҳи ҳал наёфт (видео)​

- Вазирон дар бораи бозҷӯии идораҳои ду расона. (видео)

- Скрипал ва Сурия: Русия ба ҷаласаи Созмони манъи силоҳи ҳастаӣ омода мешавад (видео аз Директ)​

- Чи гуна қирғизистониҳо дар Чикаго Наврӯзро ҷашн гирифтанд (нигористон)

- Дар Екатеринбург интихоби мустақими шаҳрдорро манъ карданд. (видеои Настоящее время)

- «Умедро аз даст намедиҳам…». Рискул Бозорбоева маъюби дараҷаи аввал аст ва писарашро танҳо ба воя мерасонад. Ӯ баъд аз хатми мактаб ба Русия рафта, дар онҷо захмӣ ва маъюб шуд. Ҳоло ба ватан баргашта, дар манзиле зиндагӣ дорад, ки бонк онро ба гарав гирифтааст. Ин ҷавонзан намедонад, ки баъд аз мусодира шудани хонааш дар куҷо зиндагӣ хоҳад кард. (видео аз Директ)​

- Теракт дар метрои Петербург: як сол баъд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG