Агдам дар шаҳраки Риверсайд ва ҳамчунин Сан-Диего зиндагӣ мекардааст. Бино бар маълумоти расида, вай ба ширкати YouTube ягон пайванде надоштааст. Телевизиони CNBC гуфт, Агдами 39-сола бо туфангча ба дафтари ин ширкат ҳамла овардааст.
Пештар пулиси Сан-Бруно гуфт, зане, ки дар ин ҷо тирпаронӣ кард, худро куштааст. Дар натиҷаи ҳамлаи ӯ чанд нафар захмӣ шуданд. Се тан аз онҳо ба бемористон расонда шудаанд ва вазъи яке аз захмиён бад аст. Сардори пулиси Сан-Бруно Эд Барберинӣ гуфт, ангезаҳои ҳамла ошкор нашудаанд.
Мақомот бар инанд, ки воқеа ба терроризм рабт надорад.