Ссылки доступа

То поёни сол дар Ӯзбекистон 1000 банкомати арзи хориҷӣ ба кор медарояд


Бонкҳои тиҷоратии Ӯзбекистон имсол зиёда аз 1000 банкомате устувор мекунанд, ки муштариён тавонанд, аз онҳо арзи хориҷӣ гиранд. Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки Марказии Ӯзбекистон хабар додааст.

Густариши шабакаи банкоматҳо, ба гуфтаи ин манбаъ зина ба зина сурат хоҳад гирифт. То ҳол танҳо дар баъзе аз бонкҳо ва меҳмонсароҳо банкомат гузошта шудааст.

Бино бар дастури раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сар аз 1 апрел ҳар хоҳишманд метавонад бо истифода аз корти бонкии худ дар шакли нақд арзи хориҷӣ гирад. Муштарӣ метавонад, ин маблағро аз бонки дилхоҳаш гирад.

Ба ғайр аз ин бонкҳо мудирияти расмулҳисобро аз роҳи дур барои хариду фурӯши арзи хориҷӣ ба воситаи кортҳои байнулмилалӣ ба роҳ хоҳанд монд. Бархе аз онҳо кайҳо барномаи мобилии худро пешниҳод карданд, ки хариду фурӯши арзи хориҷиро ба воситаи телефони ҳамроҳ имконпазир гардондааст.

XS
SM
MD
LG