Ссылки доступа

Кӯлоб дар баробари офатҳои табиӣ осебпазир аст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Сархатти рӯйдодҳои 4-уми апрели соли 2018 (видео)

- Як кушта ва се захмӣ бар асари тирпарронӣ дар қароргоҳи YouTube. (видео)

- Кӯлоб дар баробари офатҳои табиӣ осебпазир аст. Бар асари боронгариҳои зиёд ва боло рафтани мизони рудхонаи Даҳана дар охири моҳи март ҳашт гектар замини сокинони деҳаи Офтоблиқо хароб шудааст. Сокинони деҳаи Офтоблиқои ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, агар маҷрои рудхонаи Даҳана мустаҳкам карда нашавад, ба сокинон низ зарари худро мерасонад. (видео)

- Муҳоҷир: Хатар ин аст, ки аз ҷои кор меронанд. Бастани хатсайрҳо муҳоҷиронро саргардон кардааст. (видео)

- Муовини раиси "Барқи тоҷик": Ҳар киловат барқро ба Узбекистон 2-сентӣ мефурӯшем. Пас аз 9 соли таваққуф интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбекистон шуруъ шуд. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки тибқи қарордод Тоҷикистон дар фасли тобистон ба кишвари ҳамсоя то 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқро бо арзиши 2-сентӣ (ҳар киловат) мефурӯшад. (видео)

- Зарбаи сахти муҳоҷирати корӣ ба равони занон. Мардҳо аз муҳоҷирати меҳнатии Русия бо тасаввурҳои фарқкунанда бармегарданд. Ин таҳаввулҳоро пеш аз ҳама занон, аз муносибати ғайримаъмулии онҳо эҳсос кардаанд. (видео)

- Нуъмони чуғрофидон аз Урметан. Нуъмони сесола давоми се моҳ номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро азхуд кардааст. Дар деҳаи Урметан, калонтарин рустои водии Зарафшон бештарин афроде, ки ба Нуъмон рӯбарӯ мешаванд, мехоҳанд ӯро имтиҳон кунанд (видео)

- Зане дар қароргоҳи YouTube оташ кушод. Тирпарронӣ дар қаламрави ситоди YouTube дар шаҳри Сан-Бурнои аёлати Калифорнияро зане бо номи Насим Агдам анҷом дод. Дар ин бора CNN рӯзи 4 апрел бо такя ба манобеи ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот гузориш дод.(видео)

- Сокини Ӯш Баҳром ҳамсолони худро ба омӯзиши дунявӣ даъват мекунад. (видео)

- Чаро дар кишварҳои Балтик аз ҳуҷуми Русия ҳарос доранд: тамоми далелҳо.(видеои Настоящее время)​

- Рӯзи душанбе дар Бишкек 2500 мусофирбар ба кор набаромаданд. Бубинед, натиҷааш чи шуд. (видеои Настоящее время)

- Чаҳорумин чаҳоряки хониш ва баҳсҳо атрофи сатр. Баҳси сатр дар мактабҳои Оқтеппаи Қазоқистон роҳи ҳал наёфт (видео)​

- Вазирон дар бораи бозҷӯии идораҳои ду расона. (видео)

- Скрипал ва Сурия: Русия ба ҷаласаи Созмони манъи силоҳи ҳастаӣ омода мешавад (видео аз Директ)​

- Чи гуна қирғизистониҳо дар Чикаго Наврӯзро ҷашн гирифтанд (нигористон)

- Дар Екатеринбург интихоби мустақими шаҳрдорро манъ карданд. (видеои Настоящее время)

- «Умедро аз даст намедиҳам…». Рискул Бозорбоева маъюби дараҷаи аввал аст ва писарашро танҳо ба воя мерасонад. Ӯ баъд аз хатми мактаб ба Русия рафта, дар онҷо захмӣ ва маъюб шуд. Ҳоло ба ватан баргашта, дар манзиле зиндагӣ дорад, ки бонк онро ба гарав гирифтааст. Ин ҷавонзан намедонад, ки баъд аз мусодира шудани хонааш дар куҷо зиндагӣ хоҳад кард. (видео аз Директ)​

- Теракт дар метрои Петербург: як сол баъд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG