Ссылки доступа

Рози ёронаҳои давлатӣ ба матбуоти Қазоқистон пинҳон хоҳад монд


Додгоҳи Остона ҳукми зинаи поёниро дар бобати даъвои як созмони иҷтимоӣ аз Вазорати иттилоот ва мухобироти Қазоқистон бетағйир гузошт.

Додгоҳ ба натиҷае расид, ки эълони маблағҳои тақсимшуда аз ҷониби Вазорати иттилоот ва мухобирот ба расонаҳои ахбори оми Қазоқистон зидди ҳуқуқ ва манфиати расонаҳоест, ки фармоиши давлатӣ гирифтаанд".

Созмони иҷтимоии "Маркази ҳуқуқии расонаҳо" аз вазорат хоста буд, номи расонаҳои ахбори омро, ки дар соли гузашта кӯмаки давлатӣ гирифтаанд, эълон кунад ва ҳамчунин ҳаҷми ёронаҳо низ ошкор гардад.

Моҳи июли соли 2017 дар торнамои Вазорати иттилоот ва мухобироти Қазоқистон хабаре нашр шуда буд, ки ба як қатор расонаҳои ҳамагонӣ аз буҷаи давлат ба маблағи 2 миллиард танга (тақрибан 6 миллиону 420 000 доллари амкриоӣ) ёрона дода шудааст. Вале дар ин изҳорот гуфта намешуд, ин пул ба кадом расонаҳо ва барои чӣ дода шудааст.

Ҳуқуқшиноси созмони "Маркази ҳуқуқии расонаҳо" Гулмира Биржонова мегӯяд, ҳукми додгоҳ қонеъкунанда нест ва ин созмон ба Додгоҳи Олии Қазоқистон руҷӯъ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG