Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон инҳисори давлат шудани интернетро тасдиқ намекунанд


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар номаи худ ба унвонии Анҷумани ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ навиштааст, ки ҳеҷ гуна дастуре дар мавриди харидории ҳатмии интернет танҳо аз Хадамоти алоқа, вуҷуд надорад.

Тақрибан як моҳ қабл чаҳор ширкати мобилӣ дар як муроҷиат аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пурсидаанд, ки бар асоси кадом қонун "Тоҷиктелеком" - як ширкати мутааллиқ ба Хадамоти алоқа - бояд таъминкунандаи ягонаи интернет дар кишвар бошад.

​Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 3 апрел гуфт, ҳафтаи гузашта аз мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар заминаи нигарониҳояш аз ихтиёри бештари Хадамоти алоқа дар заминаи фурӯш ва тақсими интернет посухи хаттӣ гирифт.

Ба гуфтаи Эркаев, дар номаи ҷавобӣ ба онҳо аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ омадааст, ки ҳеҷ гуна дастуре барои харидории ҳатмии хизмати интернетӣ танҳо аз тарафи "Тоҷиктелеком" дода нашудааст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ин ба маъноест, ки ба ғайр аз ширкати “Тоҷиктелеком” чаҳор ширкати дигари ироакунандаи хадамоти интернет дар Тоҷикистон низ ҳақ доранд аз хориҷ интернет харидорӣ кунанд.

3 апрел намояндагони мақомоти Хадамоти алоқа ва сохторҳои марбут ба он барои шарҳи ин мавзӯъ омода нашуданд. Дар миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ дастур дод, ки интернетро танҳо аз "Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот" -- як созмони марбут ба "Тоҷиктелеком", харидорӣ намоянд. "Тоҷиктелеком" дар навбати худ ширкати зертобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Масъулони Хадамоти алоқа моҳи январ зимни нишасти хабарӣ бо ҳимоят аз ин тасмим гуфтанд, ки дарёфти интернет танҳо аз "Тоҷиктелеком" ба хотири таъмини амният аст. Вале ин тасмим ҳамчун талоши монополияи соҳаи муҳим ва сердаромади мухобироти Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифт. Ин тасмим яке аз охирин тадбирҳо ба хотири зери назари Хадамоти алоқаи марбут ба давлат гузаштани фаъолиятҳои ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG