Ссылки доступа

Созиши марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон дар пайи занозании ахир


Мақомоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон дар робита ба тартиби назорати минтақаи марзие ба созиш расидаанд, ки 3 апрел дар онҷо сокинони ду кишвар занозанӣ карда буданд. Дар ин бора дафтари матбуотии хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Ба огаҳии хадамот, намояндагони марзбонони ду кишвар миёни сокинони Хоҷа-Аълои шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Уч-Добои вилояти Бодканди Қирғизистон, ки 3 апрел бо ҳам занозанӣ карданд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Пештар мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки занозанӣ миёни сокинони Хоҷа-Аъло ва Уч-Добо бо айби шаҳрвандони Қирғизистон сар задааст. "Марзбонҳои мо барои ҳалли муноқиша ба ҷои ҳодиса рафта буданд. Ҳамон вақт як санг ба сарҳадбони мо расид. Феълан вазъи саломатиаш хуб аст", - гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон шоми 3 апрел.

Ин муноқиша пас аз он бархостааст, ки як шаҳрванди Қирғизистон ба сохтани деворе дар минтақаи баҳсӣ шуруъ намуд. Муҳаммад Улуғхоҷаев мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон "бидуни дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ" аз ин шаҳрванди Қирғизистон хостаанд, ки дар ҳоли ҳозир девор насозад.

"Онҳоро гӯш накарда, шаҳрвандони Қирғизистон ба сангпартоӣ сар карданд. Пас аз омадани шахсони мутасаддӣ ва раисони минтақа ҷавонон аз ҷониби Қирғизистон пароканда шуданд. Сохтмони девори баҳсӣ айни замон қатъ шудааст", - афзуд Улуғхоҷаев.

Дар навбати худ ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро дар сар задани моҷаро айбдор мекунад. Мақомоти маҳаллии вилояти Ботканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки муноқиша бар сари замин сар зада, як шаҳрванди Қирғизистон ҳам осеб дидааст. Гуфта мешавад, аз ду тараф наздики 50 нафар ҷамъ омада буданд.

XS
SM
MD
LG