Ссылки доступа

Президенти Ӯзбекистон аз "сохтакориҳо" хабардор аст


Сухангӯи президенти Ӯзбекистон гуфт, ки Шавкат Мирзиёев аз "сохтакориҳо" ҳангоми сафарҳояш дар дохили кишвар огоҳ аст.

Расонаҳо пештар навиштанд, ки дар ҷараёни сафари президенти Ӯзбекистон ба вилояти Ҷиззах донишомӯзони коллеҷи маҳаллӣ нақши коргарони корхонаи дузандагиро бозиданд.

Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти маҳаллӣ "барои президент намоишнома" таҳия карданд.

Комил Алламҷонов, сухангӯи президенти Ӯзбекистон хабар дод: "Мо аз ин ҳодиса огоҳ ҳастем. Агар шумо таваҷҷуҳ карда бошед, ин коргоҳи дузандагӣ давоми 10 моҳ аз сифр бунёд шудааст. Ҳоло ин коргоҳ сад дарсад ба кор напардохтааст. Аз ин рӯ муассисон тасмим гирифтанд, ки аз маҳаллаҳои наздик сокинонро барои коромӯзӣ даъват кунанд".

XS
SM
MD
LG