Ссылки доступа

Дар Қирғизистон даъват доранд, роҳбари ҳизби "Ота Макон" дар берун аз зиндон табобат шавад


Ҳамсари Омурбек Текебоев, роҳбари зиндонии ҳизби "Ота Макон" хабар дод, ки бори охир бо ҳамсараш 15 март мулоцот кардааст.

"Барои мо танҳо дар ним моҳ як бор иҷозаи мулоқот медиҳанд. Дар дидори охир вазъи сиҳатии вай хуб набуд. Ҳоло ҳам вазъаш тағйир накардааст", - гуфт Ойгул Текебоева, ҳамсари Омурбек Текебоев.

Гуруҳи фаъолони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ рӯзи 3 апрел ба президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков, раиси порлумон Достон Жумабеков ва сарвазир Сафар Исҳоқов номаи дастаҷамъӣ навишта, талаб карданд, ки Омурбек Текебоев дар берун аз зиндон ташхис ва табобат шавад.

Роҳбари ҳизби "Ота Макон" моҳи феврали соли 2017 бо гумони порахӯрӣ дар ҳаҷми 1 миллион доллар боздошт ва моҳи ноябри ҳамон сол 8 сол зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG