Ссылки доступа

Нирӯҳои ИМА дар Сурия ба муддати тӯлонӣ мемонанд (видео)


Президенти ИМА Доналд Трамп розӣ шуд, нирӯҳои ин кишвар дар Сурия ба муҳлати тӯлонӣ бимонанд. Ин тасмими Трамп дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ИМА гирифта шуд. Ба иттилои хабаргузории Reuters, Трамп гуфт, ИМА намехоҳад дар Сурия масъулияти дарозмуддат дошта бошад.

Ӯ ахиран бори дигар изҳор дошт, ки тасмим дорад нирӯҳои Амрикоро аз Сурия берун барад. Вале мушовирони президент ин тасмимро танқид карданд. Ба гуфтаи онҳо, барои маҳви пурраи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" бояд корҳои зиёдеро анҷом дод.

Дар ҳамин ҳол, Русия, Туркия ва Эрон мегӯянд, "бо вуҷуди талошҳои душманон ба тақсим шудани Сурия роҳ нахоҳанд дод". Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи чоршанбе баъд аз саммити сеҷониба дар Туркия гуфт, "бадхоҳони минтақа нақша доштанд, Сурияро тақсим кунанд, вале наметавонанд ва мо ҳам ба ин иҷозат нахоҳем дод." Вай Амрико ва Исроилро аз зумраи ин бадхоҳон номид, ки гӯё мехоҳанд минтақаро террористон идора кунанд. "Шакли ҷуғрофии минтақаи мо набояд тағйир ёбад", - гуфт Руҳонӣ.

Аз охирҳои моҳи январ дар шимоли Сурия амалиёти низомии Туркия зидди курдҳо идома дорад. Дар ҷараёни ин амалиёт шаҳри Манбиҷ бояд таҳти назорат гирифта шавад. Анқара Вашингтонро даъват кард, ки нирӯҳои худро аз шаҳр берун барад, вале ИМА даъватро рад кард.

Мақомоти турк Гуруҳҳои дифои мардумии курдро ҳампаймонони террористон номида, талош доранд, мавзеъҳои онҳоро ишғол кунанд. Гуруҳҳои курд дар ҳайати эътилофи таҳти раҳбарии ИМА зидди ДИ мубориза мебаранд.

Нирӯҳои ин эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА аз соли 2014 дар Сурия бо тундравон мубориза мебарад. Низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар наздик ба ҳазор нафаранд ва иттиҳоди мухолифони демократии Сурияро дастгирӣ мекунад. Амалиёти низомии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 оғоз шуд. Эътилоф борҳо Москваро ба ҷонибдорӣ аз режими президент Башор Асад айбдор кард, ки Ғарб онро нақзкунандаи ҳуқуқи мардум медонад.

XS
SM
MD
LG