Ссылки доступа

Эҳтимоли ихроҷ шудани донишҷӯёни туркман аз донишгоҳи тиббии Белорус


Донишҷӯёни туркмани Донишгоҳи тиббии Белорус ба далели он ки бонкҳои Туркманистон пули таҳсили онҳоро интиқол намедиҳанд, эҳтимол аст, ихроҷ шаванд.

"Мо пули таҳсилро ба воситаи бонке дар Туркманистон 20 феврал супоридаем, вале бонк то ҳол ин пулро ба ҳисоби донишгоҳи Белорус нагузарондааст. Маъмурияти донишгоҳ ба мо то 1 апрел муҳлат дод. Рӯзи ҷумъа моро ихроҷ хоҳанд кард", - гуфт як донишҷӯи туркман.

Вай мегӯяд, онҳо наметавонанд бо бонкҳои Туркманистон тамос гиранд ва сафорати кишварашон дар шаҳри Минск низ кумаке дар ин бора намекунад.

"Сафир мегӯяд, мо мушкилро бояд худамон ҳал кунем. Мо беш аз 40 нафарем. Дар миёни мо афроде низ ҳастанд, ки баъд аз се моҳ донишгоҳро хатм мекунанд. Вале ба далели он ки пули онҳо ба ҳисоби донишгоҳ нагузаштааст, онҳоро низ ихроҷ мекунанд", - изҳор дошт як донишҷӯдухтари туркман, ки нахост номаш ифшо шавад.

Ба гуфтаи ӯ, волидон 2 ҳазордолларӣ пули таҳсилро ба бонкҳои тиҷоратии "Халқ бонк" ва "Дайхон бонк" супоридаанд. Талошҳои Хабаргузории Осиёи Марказӣ низ барои дарёфти назари маъмурияти бонкҳо дар ин бобат бенатиҷа буд. Ҳамчунин сафорати Туркманистон дар Минск низ аз шарҳи қазия худдорӣ карда, гуфт, дар ин бора чизе намедонанд.

XS
SM
MD
LG