Ссылки доступа

Муроҷиати ҳамсари Азимҷон Аскаров ба президенти Қирғизистон


Хадича Аскарова, ҳамсари Азимҷон Аскаров, ки бо гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар соли 2010 ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков хост, парванди шавҳари ӯ бозбинӣ шавад.

Дар номаи Аскаров ба Ҷеенбеков гуфта шудааст, ки шавҳари ӯ гуноҳе надорад. Аскарова аз президенти Қирғизистон таҳқиқи мустақил ва бозбинии парвандаи шавҳарашу ҳафт нафареро дархост кардааст, ки ҳамроҳи Аскаров зиндонӣ шудаанд.

Хадича Аскарова мегӯяд, президенти кунунии Қирғизистон, ки он замон раиси вилояти Ӯш буд, бо ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 хуб ошно аст ва ҳамчунин бовар дорад, ки Ҷеенбеков намегузорад, шахсони бегуноҳ пушти панҷара бимонанд.

Азимҷон Аскаров, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи ноҳияи Бозор-Қурғони вилояти Ҷалолобод баъди даргириҳои қавмии байни қирғизу ӯзбекҳо дар моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо ва ширкат дар куштори корманди пулис ба ҳабси абад маҳкум шуд. Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз Қирғизистон хост, ӯро озод кунанд. Вале додгоҳи вилояти Чуй парвандаи Аскаровро 24 январи соли 2017 ҳукми ӯро бетағйир гузошт.

XS
SM
MD
LG