Ссылки доступа

Натиҷаи музокироти Душанбеву Маскав: парвозҳо барқарор шуд (видео)


Тоҷикистону Русия тавофуқ карданд, ки аз соати дувоздаҳи шаби 5-уми апрел тамоми маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳоро ба ду самт аз байн мебардоранд. Ин тавофуқ рӯзи 4-уми апрел дар ҷараёни музокироти ҳайатҳои баландпояи ду кишвар дар Маскав ҳосил шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов гуфт, ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокирот розӣ аст.

Ӯ афзуд, "дархости он тараф хеле бузург буд ва мо тавонистем ҳамкорони худро дар Русия мутақоид кунем, ки тақозои ҷамъиятӣ зарурат ба афзоиши аз ҳад зиёди парвозҳоро надорад. Пешниҳоди мо ҳам пазируфта шуд ва мо ба мувофиқа расидем, ки парвозҳо аз рӯи тақозову зарурат ва бар асоси манфиати ду тараф анҷом мешаванд ва ба манфиатҳои якдигар осеб намерасонанд."

Созиши ҷонибҳо ин шуд, ки ҷадвали парвозҳо бар асоси манфиатҳои ду тараф таҳия мешавад. Сатторов гуфт, "нақшаи парвози ҳавопаймоҳо, ки барои солҳои 2017-2018 таҳия шуда буд, ҳифз мегардад".

Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки дар ҷадвали тобистонаи парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон чаҳор хатсайри нав изофа хоҳад шуд. Мақомоти вазорат гуфтанд, "ин хатсайри Перм – Душанбе, Жуковский – Кӯлоб, Челябинск – Хуҷанд ва Краснодар – Хуҷанд аст."

XS
SM
MD
LG