Ссылки доступа

Хайрулло Мирсаидов ду моҳи дигар дар боздошт мемонад


Хайрулло Мирсаидов

Муҳлати тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, то моҳи июни имсол дароз шуд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Суғд рӯзи 4-уми апрел гуфт, “ин муҳлат имкон хоҳад дод, ки парванда ҳаматарафа таҳқиқ шавад”.

Мирсаидов моҳи декабри соли гузашта, пас аз онки бо раиси собиқи идораи ҷавонони Суғд Олим Зоҳидзода, дар мавриди пули КВН вориди баҳси лафзӣ шуд, боздошт гардид. Ҳоло мақомоти тафтишотӣ харҷи пулҳои буҷет дар кори ҳозирҷавобони тоҷик ва саҳнаҳои ҳаҷвии ин гуруҳ дар КВН-и Русияро баррасӣ доранд.

Манбаи мо дар ниҳодҳои интизомии вилоят гуфт, раҳбари гурӯҳи тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов низ бо сафари корӣ ба Маскав, маҳалли асосии намоиши КВН, рафтааст. Ӯ гуфт, “муфаттиш ба пойтахти Русия рафтааст, то далелҳои пешниҳодшуда дар мавриди пули КВН-и Тоҷикистонро бисанҷад. Ҳамчунин, ӯ навори пурраи ҳунарнамоии даста дар Русияро мегирад, ки барои арзёбии муҳтавои онҳо муҳим аст.”

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.

Мирсаидовро барои суҳбат ба додситонӣ даъват ва дастгир карданд. Ӯ то ба ҳол дар боздошгоҳи нигаҳдории муваққатӣ (СИЗО) – и шаҳри Хуҷанд дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG