Ссылки доступа

Дар Арабистони Саудӣ нахустин кинотеатр боз мешавад


Дар Арабистони Саудӣ пас аз 35 соли басташавӣ нахустин кинотеатр боз мешавад. Ин кинотеатр 18 апрели соли равон дар шаҳри Риёз фаъолиятро оғоз карда, он рӯз ба тамошобинон филми "Пантераи сиёҳ"-и коргардон Райан Куглер намоиш дода хоҳад шуд.

Бар пояи қарордоди мақомоти Арабистони Саудӣ бо ширкати амрикоии AMC Entertainment Holdings Inc., бояд тайи 5 соли оянда дар ин кишвар 40 кинотеатр боз ва то соли 2030 шумори онҳо ба 350 адад расонида шавад. Аммо тамоми филмҳо пеш аз намоиш дар ин кинохонаҳо тафтиш карда хоҳанд шуд.

Фаъолияти кинотеатр ва маконҳои дигари фароғатӣ дар Арабистони Саудӣ баъд аз солҳои 80-ум зери фишори мусулмонони усулгаро манъ шуд. Он замон руҳониён тамошои филмҳоро ҳаром номида буданд.

Шоҳи Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд моҳи сентябри соли 2017 қарори манъи ронандагии занонро низ дар кишвараш бекор кард. Ҳамчунин ба ҳузури занон дар маконҳои ҷамъиятӣ ва варзишгоҳҳо иҷозат дода шуд.

XS
SM
MD
LG