Ссылки доступа

ИМА кишварҳои ҷаҳонро ба тақвияти фишорҳои зидди Русия даъват кард


ИМА аз тамоми ҳампаймонон ва кишварҳои дигар даъват кард, ки сиёсати худро дар муносибат бо Русия сахттар кунанд ва то замоне, ки ин абарқудрати пешин дар арсаи ҷаҳонӣ "бозигари хуб нашавад" даст аз фишори он набардоранд.

Ин нуктаро сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс дар суҳбат бо радиои "Садои Амрико" баён дошт. Ӯ ҳамчунин суханҳои президенти ИМА Доналд Трампро ёдовар шуд, ки гуфта буд, агар Москва муносибатҳои худро хуб кунад, ба нафъи ҳама хоҳад буд.

Сухангӯи Кохи сафед дар посух ба дархости рӯзноманигорон изҳороти ахири мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҳерберт Макмастерро низ шарҳ дод.

Макмастер Русияро барои "афзоиши ташаннуҷ дар тамоми ҷаҳон" интиқод кард. Ӯ гуфт, Вашингтон натавонист коре бикунад, ки Москва подоши ҷуброннопазири амалҳояшро бигирад ва бинобар ин, ҳоло "худбоварии Кремл" аз ҳад зиёд шудааст.

Мушовири президенти ИМА вокуниши ахири маъмурияти Трамп ба амалҳои Русия, аз ҷумла бо пайравӣ аз Бритониё ихроҷ кардани дипломатҳои русро дар робита ба заҳролудшавии афсари пешин Сергей Скрипал ва духтараш Юлия тавсиф кард.

Ба гуфтаи ӯ, ихроҷи диплматҳо ба пешгирӣ аз дахолати Русия дар сиёсатҳои Амрико мусоидат карда, имкониятҳои Москваро барои паҳни иттилооти дуруғ ва мудохила дар интихоботҳо кам мекунад.

XS
SM
MD
LG