Ссылки доступа

Дар Қирғизистон назорати ошхонаҳо сахттар мешавад


Вазорати тандурустии Қирғизистон бо роҳбарон ва мутахассисони хадамоти ҳифзи сиҳатии ҷомеа мулоқоти васеъ доир кард.

Вазорат хабар медиҳад, ки яке аз масоили дар ин мулоқот баррасишуда аз ғизо заҳролудшавии муштариҳои як тарабхонаи шаҳри Бишкек буд.

"Бо ҳадафи пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо роҳбарони хадамоти беҳдоштиву эпидемиологӣ дастур гирифтанд, ки назорати нуқтаҳои ғизохӯрии умумиро сахттар кунанд", - омадааст дар хабари вазорат.

Дар тарабхонаи "Ало-Тоо"-и шаҳри Бишкек рӯзи 31 март дар як ҷашни арӯсӣ чанде аз меҳмонон аз ғизо заҳролуд шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ таъсис шуда ва тафтиш идома дорад.

XS
SM
MD
LG