Ссылки доступа

3 миллион сӯм ҷарима барои омода нашудан ба пешвози президент


Исроил Ризоев, фаъоли созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик" аз вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон аз сӯи Бюрои иҷрои ҳатмии Додситонии кулли ин кишвар қариб 3 миллион сӯм ҷарима шуд.

Ӯро ба хотири саркашӣ кардан аз рангу бори девори хонааш ҷарима бастанд. Мақомот сокинонро дастур дода буданд, ки пеш аз сафари президент ба вилоят, деворҳои манзилҳояшонро ранг кунанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон мебоист 4 апрел ба вилояти Сирдарё сафар кунад, вале сафари президент ба таъхир гузошта шуд.

Исроил Ризоев гуфт, мақомот ба вай дастур дода буданд, ки деворҳои хонаашро ранги зард кунад, вале вай ин дастурро рад кард.

"Вақте ман рад кардам, онҳо гуфтанд, ман вазифадорам, ки ҳатман ин корро кунам. Ҷолибаш инҷост, ки дар саргаҳи ин тасмим сардори раёсати корҳои дохилии вилоят Элёр Абдуллоев меистад. Ба ман гуфтанд, "ҳоло пеш аз омадани президент деворатро зард бикун, баъди рафтани президент ҳар рангеро ки мехоҳӣ, ба деворат бимол", - гуфт Ризоев.

Баъди рад кардани ин тасмим кормандони додситонӣ ӯро ба ҷавобгарӣ ҷалб ва ҷарима бастанд. "Корманди додситонӣ гуфт, ман аз барқ қарздорам ва 3 миллион сӯм (муодили 360 доллари ИМА) ҷарима баст. Ман гуфтам, ки аз барқ қарздорам, вале сухани маро гӯш накард. Бовар дорам, ки мақомот ба ин тартиб маро ҷазо доданд", - гуфт Ризоев.

​Ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, мақомот ҳамчунин бо баҳонаи нозебо будан дарвозаи хонаашро кандаанд. "Дар ниҳоят, онҳо девори маро ранг карданд", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG