Ссылки доступа

Фаъолияти сомонаи Ratel.kz қатъ ва муҳаррираш гумонбар эълон шуд


Рӯзноманигор ва муаллифи доимии сомонаи Ratel.kz Вадим Борейко хабар дод, ки фаъолияти сомонаи мазкур қатъ шуд. Гузашта аз ин, фаъолияти гуруҳи "Дӯстони сомонаи Ratel.kz" низ қатъ ва саҳифаи сомона дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баста шуд.

Ба ҷуз ин, Марат Асипов, муҳаррири сомонаи мазкур, ки дар доираи парвандаи "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" ҳамчун шоҳид пурсида мешуд, акнун гумонбар эълон гардид.

Кормандони дигари сомонаи мазкур низ бозпурсӣ мешаванд.

Дар коргоҳи Ratel.kz ва Forbes.kz рӯзи 2 апрел дар робита ба "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" кофтукоб сурат гирифт. Зейнулло Какимҷонов, вазири пешини даромадҳои давлатии Қазоқистон гуфт, дар ду сомонаи мазкур давоми солҳои охир дар робита ба фаъолиятҳои вай чанд иттилои бардурӯғ нашр шудааст.

Дар матлабҳои ду сомона гуфта мешуд, ки Какимҷонов ба фаъолиятҳои фасодолуд робита дорад.

XS
SM
MD
LG