Ссылки доступа

Малайзия паҳнкунандагони хабари дуруғро то 6 сол зиндонӣ мекунад (видео)


В Малайзии ввели уголовную ответственность за фейковые новости: до 6 лет тюрьмы
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:20 0:00

Дар Малайзия қонунеро қабул карданд, ки бино бар он паҳнкунандагони хабари дуруғ то 128 ҳазор доллар ҷарима ё 6 сол зиндонӣ мешванд.

Қонуни нав ба расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ рабт дорад, ки асосан ба воситаи онҳо хабар, иттилоъ ва маълумоти қисман ё комилан дуруғ паҳн карда мешавад. Мунаққидони қонуни нав мегӯянд, ин он усули озодии баёнро зери суол мебарад.

Бар пояи қонуни нав малайзиягиҳое низ ҷазо хоҳанд гирифт, ки дар хориҷ аз ин кишвар иттилои дуруғро нашр кардаанд.

Ҳукумати Малайзия мегӯяд, қонун озодии баёнро дар ин кишвар зери хатар нахоҳад гузошт, зеро парвандаҳои марбут ба онро як додгоҳи мустақил баррасӣ хоҳад кард.

"Ҳадафи қонун ҳифзи ҷомеа аз хабарҳои дуруғ аст. Вале озодии баён дар доираи қонуни асосӣ риоя хоҳад шуд", - гуфт вазири адлияи Малайзия Азалин Отман дар суҳбат бо хабаргузории Reuters.

XS
SM
MD
LG