Ссылки доступа

Дар Алмато 300 касро аз сӯхтор наҷот доданд


Дар маҳаллаи Кокжиеки вилояти Алмато як бинои баландошёна оташ гирифт.

Ба огаҳии мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи маҳаллӣ, дар аввал балконҳои ошёнаи якуму дувуми бино оташ гирифта, сипас сӯхтор то ба ошёнаҳои дигар низ паҳн шудааст.

Манбаъ мегӯяд, аз ин бинои панҷошёна 300 нафар ба ҷои амн интиқол дода шуданд. Ҳамаи онҳоро дар мактабҳои гирду атроф ҷой кардаанд. Ҷамъан 1100 метри мураббаъ оташ гирифта, касе осеб надидааст.

Мақомоти Қазоқистону Русия баъди фоҷеаи 25 март дар вилояти Кемерово ба хабари сӯхтори манзилҳои зист ё маконҳои серодам сахт диққат медиҳанд. Он рӯз дар сӯхтори маркази тиҷории "Зимняя вишня" 64 кас, ки бисёрашон кудакон буданд, ҷон бохта, худи марказ пурра нобуд шуд.

XS
SM
MD
LG