Ссылки доступа

Садамаи маргбори шаҳрванди 25-солаи ИМА дар Тошканд


Идораи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Тошканд мегӯяд, як соҳибкори амрикоӣ дар хиёбони Амири ноҳияи Юнусобод зани 33-солаеро бо мошини"Каптивӣ" пахш кард.

Ба огаҳии идора, ин ҳодиса 4 апрел дар наздикии кинотеатри "Қазоқистон" рух дода, зан ҳангоми убур аз роҳ ба воситаи гузаргоҳ зери чархи мошин монд. Соҳибкори амрикоӣ 25 сол дошта, сокини аёлати Техас аст.

Зан дар натиҷаи бардоштани захми шадид аз ноҳияи сар 5 апрел дар беморхона ҷон бохт.

Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

XS
SM
MD
LG