Ссылки доступа

Пентагон: сиёсати ИМА дар мубориза бо ДИ дар Сурия тағйир намеёбад


Сиёсати низомии ИМА дар робита ба мубориза бо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) дар Сурия тағйир нахоҳад ёфт. Ин нуктаро як мақоми баландпояи Қувваҳои мусаллаҳи ИМА, генерал-лейтенант Кеннет Маккензӣ баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, президенти ИМА Доналд Трамп розӣ шуд, ки муҳлати будубоши нирӯҳои Амрикоро дар Сурия барои мубориза бо тундравон дароз кунад. Пештар Трамп гуфта буд, ки мубориза бо гуруҳи ба истилоҳ, "Давлати исломӣ" дар Сурия ба поён расид ва дигар барои мондани нирӯҳои амрикоӣ дар он кишвар ниёзе нест.

Эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Сурия бо тундравон аз соли 2014 ба ин сӯ мубориза мебарад. Дар ҳоли ҳозир, дар Сурия наздик ба ду ҳазор низомии амрикоӣ ҳузур дошта, мухолифони ин кишварро дар ҷангҳо бо террористон кумак мекунанд.

XS
SM
MD
LG