Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳои тоҷик дастур дод, ба аёдати Бозор Собир раванд (видео)


Гулчеҳра Собир – ҳамсари Бозор Собир – шоири маъруфи тоҷик гуфт, ки ӯ як ҳафта боз дар бемористони Сиэтл бистарист ва вазъаш бисёр вазнин аст.

Ӯ рӯзи 5-уми апрел гуфт, "сахт маззааш нест. Дар бемористон дар паҳлӯяш истодаам. Тамоман сиҳат нестанд." Аммо ӯ дар бораи бемории Бозор Собир ҷузъиёт надод. Танҳо гуфт, шоири маъруф аз дарди қалб ранҷ мекашад.​

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба намояндагиҳои расмии кишвар дар Амрико дастур додааст, ки ба аёдати шоири тавонои тоҷик Бозор Собир ба яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бираванд. Дастури президент рӯзи 5-уми апрел нашр шуд.

Бозор Собир чанде пеш ба дидори фарзандон ба Амрико рафта, бар асари беморӣ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид. Нахустин шуда рӯзи 5-уми апрел Барот Қодирӣ, як корбари Фейсбук, аз вазъи саломатии ӯ хабар дод. Қодирӣ дар саҳифаи шахсиаш навишт, ки "Бозор Собир панҷ рӯз боз дар шуъбаи эҳёгарист."

Бозор Собир вернулся в Таджикистан, чтобы отпраздновать Навруз
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:53 0:00

Бозор Собири 79-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - порлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.

Соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонда шуд ва дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Аммо дар як суҳбати қаблиаш дар соли 2016 бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски фарзандону набераҳояш дар он сӯи Уқёнус ҳастанд, гоҳ-гоҳе ба дидорбиниашон меравад.

XS
SM
MD
LG