Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Остона даъват доранд, таъқиби рӯзнманигоронро қатъ кунад


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки таъқиби рӯзноманигорон ва блогнависонро қатъ кунанд.

Дар изҳороти созмони мазкур, ки 4 апрел нашр шуд, аз кофтукоби коргоҳи маҷаллаи Forbes Kazakhstan ва сомонаи Ratel.kz, баста шудани сомонаи мазкур ва боздошти чаҳор рӯзноманигор ёд шудааст. Ҳамчунин дар изҳорот дар бораи фаъоли шаҳрвандӣ Ардак Ашим, ки ҳафтаи гузашта бо ҳукми додгоҳ ба табобати иҷборӣ фиристода шуд, зикр гардидааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, таъқиби навбатӣ дар ҳоле авҷ мегирад, ки миёни элитаи сиёсӣ баҳси соҳиби ояндаи курсии президент Нурсултон Назарбоев гарм аст.

"Таъқиби расонаҳои ёдшуда ба ҳамаи рӯзноманигорони Қазоқистон як паёми тарсдиҳанда аст", - омадааст дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ.

XS
SM
MD
LG