Ссылки доступа

Кумитаи ҳифзи озодии баён боздошти фаъоли шаҳрвандии қирғиз Ормуковро маҳкум кард


Кумитаи ҳифзи озодии баён дар робита ба боздошти фаъоли ҷамъиятии қирғиз Темирлан Ормуков изҳорот нашр кард.

"Мо, Кумитаи ҳифзи озодии баён зидди рафтори ғайриинсонии мақомот ва кормандони пулис, ки шаҳрванди нобино Темирлан Ормуковро боздошт ва ба СИЗО интиқол доданд, қатъиян эътироз мекунем", - гуфта шудааст дар изҳороти Кумита.

Кумитаи ҳифзи озодии баён аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков даъват кардааст, ки ба қазия дахолат кунад.

Соли 2016 Додситони кулли Қирғизистон дар шеърҳои Темирлан Ормуков нишонаҳои барангехтани ихтилофи байниминтақавӣ пайдо карда буд. Он замон вакили порлумон Достон Бекешев нисбати Ормуков ба додситонӣ шикоят бурда буд.

Баъдтар Ормуков ҳам зидди Бекешев ба пулис шикоят бурда, ӯро дар поймолсозии қонун айбдор кард. Моҳи феврали соли ҷорӣ зидди Ормуков бо моддаи "Расонидани хабари бардурӯғ" парванда таъсис доданд.

5 апрел пулис ба бемористоне, ки фаъоли ҷамъиятӣ табоба мегирифт, ворид шуда, ӯро бо худ бурданд.

XS
SM
MD
LG