Ссылки доступа

Қазоқистон мехоҳад, ташнагиашро бо оби "Баҳри тоҷик" бишканад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 5-уми апрели 2018 (HD)

- "Ман кай сиҳат мешавам?" -- суоли ҳамешагии кӯдакони олуда ба ВИЧ аз волидон. Соли гузашта дар Тоҷикистон 60 кӯдак бо вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) ба дунё омадааст. Дар ҳоли ҳозир 700 кӯдаки то 18-сола дар саросари кишвар гирифтори ин беморӣ мебошанд. (видео)

- Сокини Душанбе: Намехоҳам бо онҳо зиндагӣ кунам. Сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки аз кадом ҳамсоя безоранд (видео)

- Фарғонӣ - нахустин узви хориҷии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон. Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон сабти номи дубора ва ба узвият пазируфтани журналистони тоҷикзабони кишварҳои дигарро оғоз кардааст. Масъулон барои анҷоми ин кор тасмим доранд, ки дар ин иттиҳодия бахши байналмилалӣ таъсис диҳанд (видео)

- Роҳ боз шуд. Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия. Тавофуқи Душанбеву Маскав барои азсаргирии парвозҳо ба истиснои таъхири як парвози ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Сочӣ иҷро шуданд (видео)

- Қазоқистон мехоҳад, ташнагиашро бо оби "Баҳри тоҷик" бишканад. Қазоқистон дар як созишнома ба Тоҷикистон эълон кардааст, ки тарафдори ҳарчи бештар захира шудани об дар обанбори Қайроққум аст. Ин кишвар мехоҳад, дар гармои тобистон аз ин захираи об дар шимоли кишвар истифода кунад. (видео)

- Ситораи Bollywood Салмонхон ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. (видео)

- Осиё: парвози ҳавопаймоҳо миёни Русияву Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Равуои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия барқарор шуд. Дар Қазоқистон додгоҳ фаъолияти расонаи Ratel.kz-ро манъ кард: сомона ва саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шуд. Назарбоев пешниҳод дорад, ки номи кӯчаҳои Остона ба рақам иваз карда шавад. (видео)

- Тамоми маҳдудиятҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия аз 5 апрел бекор шуданд. (видеои Настоящее время)

- Назарбоев пешниҳод кард: номи кӯчаҳои Остона ба рақам иваз шавад. (видео)

- Даҳҳо мусофири туркман ба ҳавопаймои масири Ишқобод-Истамбул роҳ наёфтанд. (видео)

- Оё Отамбоев нуфузашро аз даст медиҳад? Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро аллакай мухолиф меноманд. Ҳизби сиёсатмадор дар порлумон дорои эътилофи аксарият аст, ҳукуматро сарвазири ӯ ва кишварро ворисаш Сооронбой Ҷеенбеков идора мекунад. Вале вакилон ва коршиносон мегӯянд, Отамбоев қудратро аз даст медиҳад. (видео)​

- Додситон Мюллер аз олигархҳои рус пурсид: оё онҳо маъракаҳои Трампро сармоягузорӣ карда буданд? (видео аз Директ)

- Шиорҳои издиҳом - "Ура!", "Бегуноҳ аст!", "Офарин ба додрас!": судури ҳукми Юрий Дмитриев. Додгоҳи Петрозаводск муаррих Юрий Дмитриевро, ки ба амалҳои номатлуб, аз ҷумла таҳияи порнографияҳои кӯдакона айбдор мешуд, табриа кард (видео аз Директ)

- Баҳор омад: нахустин рӯзи гармӣ дар Киев (нигористон)

- "Мехостам ба бойгонии марказии ФСБ роҳ ёбам": Суҳбат бо Юрий Дмитриев пеш аз судури ҳукм (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG