Ссылки доступа

САҲА таъқиби расонаҳоро дар Қазоқистон маҳкум кард


Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Арлем Дезир 5 апрел боздошти рӯзноманигорону сармуҳаррирони расонаҳои Ratel.kz ва Forbes Kazakhstan, аз ҷумла баста шудани сомонаи аввалиро дар Қазоқистон шадидан танқид кард.

“Бастани манобеи хабарии интернетӣ ин маҳдудияти номуносиби озодии баён аст. Боздошти рӯзноманигорон ва бозҷӯии хонаву коргоҳҳои онҳо дар пайи баҳси як соҳибкор бо расона кӯшиши тарсонидан аст. Ин як ҳодисаи нигаронкунандаест, ки ба озодии расонаҳо дар Қазоқистон осеб хоҳад расонд”, - афзуд Дезир.

Пулис зидди ин ду расона бо гумони паҳн кардани иттилои дуруғ парванда боз кардааст. Қонунҳои Қазоқистон барои чунин парванда 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Дар Қазоқистон 2 апрел дар асоси шикояти вазири пешини даромадҳои давлатии ин кишвар Зайнулло Какимжанов идораҳои Ratel.kz ва Forbes.kz-ро бозҷӯӣ карданд. Какимжанов гуфт, матлабҳое, ки ду расона солҳои ахир дар бораи ӯ ва фаъолияташ нашр кардаанд, “туҳмат” ҳастанд. Дар матолиби нашршуда аз Какимжанов ҳамчун фасодкор ном бурда мешуд.

XS
SM
MD
LG