Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон қавл дод: дар мубориза бо фасодкорӣ ба хешу ошно ҳам гузашт намекунад


"Дар мубориза бо фасодкорӣ "ман ба хешу ошноям ҳам гузашт намекунам", - гуфт президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков дар мулоқот бо хонаводаҳое, ки дар Инқилоби моҳи апрели соли 2010 зиён дидаанд.

Дар мавриди мубориза зидди фасодкорӣ вай афзуд, "Бо фазли Худо, ман ин масъаларо то охир мабарам. Ҳақиқат, пас ҳақиқат. Покиза, пас покиза. Ҳама чиз то интиҳо расонида хоҳад шуд. Пинҳон нахоҳем кард. Кор шуруъ шуд ва ба охир хоҳад расид. Ман гузашт намекунам. Ман ба ин нигоҳ намекунам, ки касе шахси наздики ман аст, хешам ё ошноям аст. Ҳама баробар посух хоҳанд дод".

Ба гуфтаи Ҷээнбеков, дар кишвараш ҳукумат бояд ба нафъи мардум фаъолият кунад, на ба сиёсатмадорони алоҳида. "Ҳамчун фарде, ки дар саргаҳи муборизаҳо зидди низоми қавмиву хонаводагӣ истода буд, медонам, пирӯзии мардум дар моҳи апрели соли 2010 бо чӣ қимате ҳосил шудааст. Ва ҳамчун президент кафолат медиҳам, ки дар кишвар ба такрори идораи хонаводагиву қавмӣ роҳ нахоҳам дод. Ҳамаи талошамро барои рушди демократияи порлумонӣ дар кишвар равона хоҳам кард. Ояндаи кишвари мо аз ин вобаста аст", - гуфт президент.

Вай ҳамчунин афзуд, қирғизистониҳо қаҳрамонони Инқилоби мардумии апрелро фаромӯш намекунанд.

XS
SM
MD
LG