Ссылки доступа

Ӯзбекистон шартномаи пайванди марзашро бо Қазоқистону Туркманистон имзо кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон 2 апрел Қонун "Дар бораи қабули шартнома байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркманистонро оид ба минтақаи баҳамоии марзҳои давлатии се кишвар"-ро имзо кард.

Қонуни мазкур 5 январ аз сӯи палатаи қонунгузори Ӯзбекистон қабул ва 29 март аз сӯи сенат тасдиқ шуда буд. Шартномаи сеҷониба 10 сентябри соли 2017 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон аз сӯи вазирони корҳои хориҷии се кишвари мазкур имзо гардида буд.

"Ин ҳуҷҷати таърихист, зеро дар ниҳоят марзҳои се кишварро дақиқ кард", - хабар медиҳад маркази матбуотии сенати Ӯзбекистон.

Дар ҳуҷҷати мазкур нуқтаи баҳамоии марзи давлатии се кишвар зикр шудааст.

XS
SM
MD
LG