Ссылки доступа

Комроншоҳ аз Анталия бо тило бармегардад


Комроншоҳ Устопириён
Комроншоҳ Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2018”), ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми 8-уми апрел ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило медали тило ба даст овард.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар рӯзи охирини мусобиқа – 8-уми апрел – вориди сабқат шуд, бар чаҳор рақибаш пеш аз муҳлат ва бо баҳои баландтарин – иппон - пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Самули Виитанен (Финляндия, 2:56, иппон) пирӯз шуд. Баъдан ӯ Солтон Броунро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шикаст дод (0:22, иппон) ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Устопириён дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Маммадалӣ Меҳдиевро аз Озарбойҷон мағлуб кард (3:38, иппон) ва ба финал баромад.

Рақиби ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Неманйа Майдов аз Сербия буд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони тоҷик (3:12, иппон) хотима ёфт. Ҳамин тариқ, Устопириён бо медали тило ва Майдов бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Дар воқеъ, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2017”), ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG