Ссылки доступа

Фаронса хост, ҳамлаи кимиёии Сурия дар Шӯрои амният баррасӣ шавад


Фаронса барои баррасии истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти СММ-ро даъват кард.

Аз пешниҳоди Порис ҳашт кишвари узви шӯро - Бритониё, ИМА, Лаҳистон, Нидерландия, Шветсия, Кувайт, Перу ва Кот-д'Ивуар ҷонибдорӣ карданд.

Вазири умури хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан дар робита ба хабарҳо дар бораи сурат гирифтани ҳамлаи кимиёӣ зидди сокинони шаҳри Думои Сурия сахт ибрози нигаронӣ кард. Ба иттилои Reuters, Русия низ ҷаласаи Шӯрои амниятро даъват кардааст, вале маълум нест, ки чи масъаларо баррасӣ карданист.

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи якшанбе хабарҳо дар бораи ҳамлаи кимиёӣ дар Сурияро "сохта" номид. Раиси Маркази русии оштии ҷонибҳои Сурия генерал-майор Юрий Евтушенко гуфт, хабарҳо дар бораи он ки гӯиё режими Башор Асад дар Ғутаи Шарқӣ силоҳи кимиёӣ истифода кардааст, беасосанд.

Вазири умури хориҷии Фаронса ҳодисаи Думоро "нақзи нафратовари ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ" номид. Ба гуфтаи ӯ, Порис дар ҳамроҳӣ бо ҳампаймонони худ ҳақиқат доштани ин хабарҳоро дақиқ хоҳад кард.

Тибқи иттилои Ҷамъияти тиббии амрикоиву суриягӣ ва Хадамоти дифои шаҳрвандии Сурия, ки дар мавзеъҳои шӯришгарон амал мекунанд, рӯзи шанбе дар натиҷаи таркиши бомбаи кимиёӣ 49 сокини Думо ҷон бохтанд.

Пештар Президенти ИМА Доналд Трамп Русия ва Эронро барои ҳимояти режими Башор Асад сахт интиқод карда, гуфт, раҳбари Сурия подоши ҷубронопазири амалҳояшро хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG