Ссылки доступа

Ӯзбекистон қарздорони хадамоти коммуналиро ба хориҷ рафтан намемонад


Дар Ӯзбекистон аз 1 май пойгоҳи электронии маълумот дар бораи қарздорони хадамоти коммуналӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки номашон дар пойгоҳ ҳаст, муомилаҳои тиҷории бузург, дарёфти навъҳои алоҳидаи қарзҳо, хадамоти давлатӣ ва сафар ба хориҷ аз Ӯзбекистон манъ хоҳад шуд.

Ба пойгоҳи мазкур номи афроде ворид карда мешавад, ки қарзи онҳо аз ҳисоби пули барқ, оби гарму хунук беш аз ду маоши ҳадди ақал (1 маоши ҳадди ақал - 172 240 сӯм) шудааст.

Ба ҷуз ин, расонидани тамоми хадамоти марбут ба қарз, бима ва дигар амалиёти бонкӣ ба қарздорон манъ аст. Ҳамчунин ба онҳо марказҳои хадамоти давлатӣ хидмат нахоҳанд расонд.

Қарздорон ҳақ надоранд ба воситаи ҳавопаймо, автобус ва қатор ба хориҷ аз Ӯзбекистон сафар кунанд. Дар бораи бо мошини шахсӣ рафтани онҳо ба хориҷ чизе гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG