Ссылки доступа

Қирғизистонии аз тири марзбонони ӯзбек захмхӯрда дар бемористон фавтид


Дар минтақаи Мамайи ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон марзбонони Ӯзбекистон ба сӯи як шаҳрванди Қирғизистон тир кушоданд. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд.

Ба иттилои мақомот, сокини 34-солаи деҳаи Курулуши ноҳияи Оқсой дар ҳудуди Қирғизистон ҳузур дошт ва сӯи деҳаи Мамай ҳаракат мекард.

Ин сокини Қирғизистон аз захми тири марзбонони ӯзбек дар бемористони шаҳри Карбен фавтид.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ шуруъ шудааст. Дар ҳоли ҳозир, мулоқоти марзбонони ду кишвар баргузор гардида, сабабҳои рух додани тирпарронӣ омӯхта мешавад.

Сафар Исҳоқов, сарвазири Қирғизистон ба масъулони кишвараш дастур дод, ки ҳодисаи мазкурро ҳамроҳ бо ҳамтоёни ӯзбекашон мӯшикофона омӯзанд.

XS
SM
MD
LG