Ссылки доступа

Шаҳрсозиро дар Осиёи Марказӣ тоҷикон шурӯъ кардаанд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Шаҳрсозиро дар Осиёи Марказӣ тоҷикон шурӯъ кардаанд? Дар яке аз гӯшаҳои Тоҷикистон, ки ҳоло дашти ҳамвор аст, 5 ҳазору 500 сол пеш шаҳр буд ва яке аз нахустин шаҳрҳо дар ҷаҳон. Ин ҷо Саразм аст, ки Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал онро ба феҳрасти ҷаҳонӣ ворид кардааст, зеро ба гуфтаи бостоншиносон аз аввалин шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ аст. (видео)

- Ҷаҳонгир Маҷидов баъди пирӯзӣ ба 9 паҳлавон мошину уштур гирифт. Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик, бо шикаст додани ҳамаи ҳарифон дар ду сабқати бузурги гуштии миллӣ соҳиби шоҳҷоизаҳо шуд (видео)

- Ширкатҳои ҳавоии Русия боз бо 4 хатсайри нав ба Тоҷикистон меоянд. (видео)

- Занони соҳибкор чӣ мехоҳанд? Дар Душанбе ҳудуди 200 зани соҳибкор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон масоили ҳамкориро баррасӣ карданд. Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ба манзури рушди чунин ҳамкорӣ кишвараш мехоҳад, дар ду соҳили рӯди Ому бозорҳои наздимарзӣ таъсис диҳад (видео)

- Вазорат: "Маълум нест, ки талабаҳо дар Мӯъминобод аз чӣ беҳуш шуданд".Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки сабаби беҳушшавии 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод маълум нашудааст (видео)

- Эътирози се модар ба ҳукми фарзандон дар додгоҳи Суғд. Се зане, ки фарзандонашон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд, ба нишони эътироз аз ҳукм дар толори судӣ дастони худро бо шишапораҳо чок карданд (видео)

- Бозор Собир: Мӯ ба мӯ сӯхтам... Рӯзи 5 апрел ҳамсари Бозор Собир – хонум Гулчеҳра гуфт, чанд рӯз шуд вазъи саломатии шоир хуб нест (видео)

- Ҳалокати даҳҳо нафар дар ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар Сурия. Наворҳои видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, нишон медиҳанд, ки чӣ гуна мардум ба чандин нафар аз ҷумла кӯдакон баъди ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар шаҳри Думои Сурия кӯмак мекунанд. Созмони Дифои Мадании Сурия мегӯяд, нерӯҳои давлатӣ бомбҳои хӯшаии дорои гази кушандаро рӯзи 7-уми апрел дар минтақаи Ғӯтаи шарқӣ партоб кардаанд. (видео)

- Дар боғчаи Андиҷон субҳ ба кӯдакон чӣ медиҳанд? (видео)

- Мақомоти Бишкек "дукони пирзанҳо"-ро тахриб карданд: нафақахӯрон дар ин дукон маҳсули дастонашонро мефурӯхтанд (видеои Настоящее время)​

- Душанбе - макони мулоқоти 200 бонуи тоҷири минтақа (видео)

- Аксари нуқтаҳои фурӯши газ бехатар нестанд (видео)

- Отунбоева: президентҳои пешин ҳам метавонанд кори зиёде кунанд. Президенти пешин Роза Отунбоева дар мусоҳиба бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар бораи президенти амалкунандаи Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков, президенти пешин Алмосбек Отамбоев ва роҳбари зиндонии ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев изҳори назар кард (видео)

- Нахустнамоишҳои Ҳолливуд: "Ташнаи марг", "Бозиҳои калонсолон" ва Амалиёти "Барқи курашакл". (видео аз Директ)

- Дар Тоҷикистон фарҳанги нави русӣ-тоҷикӣ нашр шуд. Теъдоди нашр – 250 нусха. (видеои Настоящее время)

- Пасха дар Бишкек. (нигористон)

- Шиханӣ ё Ӯзбекистон: маводе, ки Скрипалро заҳролуд сохт, дар куҷо коркард шудааст? Бино ба фарзияи расонаҳои Бритониё, маводи фалаҷкунандаи асаб, ки афсари рус Сергей Скрипалро дар Солсберӣ заҳролуд сохт, дар Шихании вилояти Саратови Русия коркард шудааст (видео аз Директ)

- "Аз нигоҳи табибон": духтурони Қирғизистон дар бораи ҳаёти кормандони беморхонаҳо барнома таҳия мекунанд (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG