Ссылки доступа

Лӯлаи гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз нав боз шуд


Мақомоти ширкати "Тоҷиктрансгаз" мегӯянд, аз охирҳои ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз сар гирифта шуд.

Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкат 9 апрел гуфт, феълан гази табиии ӯзбекӣ ба қисмати марказии Тоҷикистон интиқол меёбад.

Як мақоми дигари "Тоҷиктрансгаз" афзуд, ки дар ҳоли ҳозир, гази табиии Ӯзбекистон ба корхонаи "Талко" интиқол меёбад. Ба гуфтаи ӯ, интиқоли гази табиӣ ба вилояти Суғди кишвар ҳам имконпазир аст.

Ба иттилои ин манбаъ, "Ӯзбекистон ба хотири рушди ҳамкориҳо, қиммати ҳазор метри мукааби гази табииро барои Тоҷикистон ду баробар арзон аз нархи ҷаҳонӣ - 120 доллар муқаррар кардааст".

Раҳбарияти "Тоҷиктрансгаз" пештар гуфта буданд, ки дар ҳоли ҳозир, интиқоли гази табиӣ ба манзили сокинон матраҳ нест, зеро аз соли 2012 ба ин сӯ, баъди қатъи воридоти гази табиии Ӯзбекистон бештари сокинон Тоҷикистон лӯлаҳои интиқоли газ ба хонаҳояшонро вайрон кардаанд. "Тоҷиктрансгаз" гуфт, "баъд аз барқарор сохтани лӯлаҳо азсаргирии интиқоли газ барои аҳолӣ имконпазир мешавад".

XS
SM
MD
LG